557. ЛАШКАР ОВАРДАНИ ИСФАНДЁР БА ЗОБУЛ
Ба шабгир ҳангоми бонги хурӯс
Зи даргоҳ бархост овои кӯс.
Ба Ковуси кай гуфт: «Ман бартарам,
Ба мардиву шоҳӣ ман андарх(в)арам.
Нишондам бар ин тахт ман Кайқубод,
На аз ки ту бим дорам, на дод».
Чу пиле ба асп андаровард пой,
Биёвард чун бод лашкар зи ҷой.
Ҳаме ронд то пешаш омад ду роҳ
Фурӯ монд бар ҷой шоҳу сипоҳ.
Дижи гунбадон буд роҳаш яке,
Дигар сӯи Зобул кашид андаке.
Шутур он ки дар пеш будаш, бихуфт,
Ту гуфтӣ ки бо хок гаштаст ҷуфт.
Ҳаме чӯб зад бар сараш сорвон,
Зи рафтан бимонд он замон корвон.
Ҷаҳонҷӯйро он бад омад ба фол,
Бифармуд, к-аш сар бибурранду ёл.
Бад-он то бад-ӯ боз гардад бадӣ,
Нагардад табаҳ фарраи эзадӣ.
Буриданд гурдон ҳам он ҷо сараш,
Бад-ӯ гашт ҳам дар замон ахтараш.
Ғамӣ гашт аз он уштур Исфандёр,
Гирифт он замон ахтари шум хор.
Чунин гуфт: «Он кас, ки пирӯз гашт,
Сару бахти ӯ гетиафрӯз гашт.
Бад нек ҳар ду зи Яздон бувад,
Лаби мард бояд, ки хандон бувад».
В-аз он пас биёмад сӯи Ҳирманд,
Ҳаме буд тарсон зи бими газанд.
Бар оин бубастанд пардасарой,
Бузургони лашкар гузиданд ҷой.
Широе бизад шоҳу бинҳод тахт,
Бад-он тахт шуд ҳар кӣ буд некбахт.
Май оварду ромишгар Исфандёр,
Нишаста Башутан бари шаҳрёр.
Ба ромиш дили хештан шод кард
Дили родмардон пур аз бод кард.