558. ФИРИСТОДАНИ ИСФАНДЁР БАҲМАНРО БА НАЗДИ РУСТАМ
Бифармуд, то Баҳман омад ба пеш,
Сухан гуфт бо вай зи андоза беш.
Бад-ӯ гуфт: «Аспи сияҳ барнишин,
Биёрой танро ба дебои Чин.
Бинеҳ бар сарат афсари хусравӣ,
Нигораш ҳама гавҳари паҳлавӣ.
Бад-он сон, ки ҳар кас, ки бинад туро,
Зи гарданкашон баргузинад туро.
Бидонад, ки ҳастӣ ту хусравнажод,
Кунад офаринандаро бар ту ёд.
Бубар панҷ болои зарринситом,
Сарафроз даҳ мӯбади некном.
Ҳам аз роҳ то хони Рустам бирон,
Макун кор бар хештан-бар гарон.
Дурудаш деҳ аз мову некӣ намой,
Биёрой гуфтору чарбӣ физой.
Бигӯяш, ки ҳар кас, ки гардад баланд,
Ҷаҳон дорадаш аз бадӣ бегазанд,
Зи додор бояд, ки дорад сипос,
Ки ӯяст ҷовид некишинос.
Чу бошад физояндаи некуӣ,
Ба парҳез дорад дил аз бадхуӣ.
Бияфзоядаш комгориву ганҷ,
Бувад шодмон дар сарои сипанҷ.
Чу дурӣ гузинад зи кирдори зишт
Биёбад бад-он гетӣ-андар биҳишт.
Баду нек бар мо ҳаме бугзарад,
Чунин донад он кас, ки дорад хирад,
Саранҷом бистар бувад тирахок,
Бипаррад равон сӯи Яздони пок.
Ба гетӣ ҳар он кас, ки Яздон шинохт,
Бикӯшиду бо шаҳрёрон бисохт,
Кунун аз ту андоза гирем рост,
Набояд бар ин-бар фузунӣ, на кост,
Ки бугзоштӣ солиён бешумор,
Бидидӣ ба гетӣ басе шаҳрёр
Агар бозҷӯӣ зи роҳи хирад
Бидонӣ, ки чунин на андархурад,