559. РАСИДАНИ БАҲМАН БА НАЗДИ ЗОЛ
Суханҳои он номвар пешгоҳ
Чу бишнид Баҳман, биёмад ба роҳ.
Бипӯшид зарбафти шоҳаншаҳӣ,
Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳӣ.
Хиромон биёмад зи пардасарой,
Дурафши дурафшон паси ӯ ба пой.
Ҷаҳонҷӯй бугзашт бар Ҳирманд,
Ҷавоне сарафрозу аспе баланд.
Ҳам андар замон дидбонаш бидид,
Сӯи Зобулистон фиғон баркашид,
Ки омад набарда саворе далер
Ба ҳаррои заррин, сиёҳе ба зер.
Паси пушти ӯ хормоя савор,
Таносон гузашт аз лаби рудвор.
Ҳам андар замон Зол бар зин нишаст,
Каманде ба фитроку гурзе ба даст.
Биёмад чу аз дида ӯро бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Чунин гуфт, к-ин номвар паҳлавист,
Сарафроз бо ҷомаи хусравист.
Зи Лӯҳросп дорад ҳамоно нажод,
Паи ӯ бад-ин бум фархунда бод!
Зи дида биёмад ба даргоҳ рафт,
Замоне пурандеша бар зин бикафт.
Ҳам андар замон Баҳман омад падид,
Сар аз чархи гарданда бартар кашид.
Надонист марди ҷавон Золро,
Барафрохт он хусравӣ ёлро.
Чу наздиктар гашт, овоз дод,
Чунин гуфт, к-«Эй марди деҳқоннажод,
Сари анҷуман пури Дастон куҷост,
Ки дорад замона бад-ӯ пушт рост?
Ки омад ба Зобул ял Исфандёр,
Саропарда зад бар лаби ҷӯйбор».
Бад-ӯ гуфт Зол «Эй писар ком ҷӯй,
Фуруд ою, май хоҳу ором ҷӯй.
Кунун Рустам ояд зи нахчиргоҳ,
Завора, Фаромарзу чандин сипоҳ.