Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

560. ПАЙҒОМ ДОДАНИ БАҲМАН РУСТАМРО

Яке кӯҳ буд пеши марди ҷавон Барангехт он бораи паҳлавон. Нигаҳ кард аз он пас ба нахчиргоҳ, Падид омад он паҳлавони сипоҳ. Яке мард ҳамчун кӯҳи Бесутун Дарахте гирифта ба чанг-андарун. Яке наррагӯре зада бар дарахт, Ниҳода бари хеш кӯполу рахт. Яке ҷоми пурмай ба дасти дигар, Парастанда бар пой, пешаш писар. Ҳаме гашт Рахш андар он марғзор, Дарахту гиё буду ҳам ҷӯйбор. Чунин гуфт Баҳман, ки «Ин Рустам аст, Ва ё офтоби сапедадам аст?! Ба гетӣ касе мард аз инсон надид, На аз номдорони пешин шунид. Битарсам, ки бо ӯ ял Исфандёр Натобад, бупечад сар аз корзор. Ман ӯро ба як санг беҷон кунам, Дили Золу Рӯдоба печон кунам». Яке санг аз он кӯҳи хоро биканд, Фурӯ ҳишт аз он кӯҳсори баланд. Зи нахчиргоҳаш Завора бидид, Ҳам овози он санги хоро шунид. Хурӯшид, к-«Эй паҳлавони савор, Яке санг ғалтон шуд аз кӯҳсор. Наҷунбид Рустам, набинҳод гӯр, Завора ҳаме кард аз он гуна шӯр. Ҳаме буд то санг наздик шуд, Зи гардаш ҳама кӯҳ торик шуд. Бизад пошна, санг андохт дур, Завора бар-ӯ офарин карду сур. Ғамӣ шуд дили Баҳман аз кори ӯй, Чу дид он бузургиву дидори ӯй. Ҳаме гуфт: «Агар фаррух Исфандёр Кунад бо чунин номвар корзор, Тани хеш дар ҷанг расво кунад, Ҳамон беҳ, ки бо ӯ мудоро кунад.