Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

561. ПОСУХ ДОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО

Чу бишнид Рустам зи Баҳман сухан, Пурандеша шуд мағзи марди куҳан. Чунин гуфт: «Оре, шунидам паём, Дилам шуд ба дидори ту шодком. Зи ман посух ин бар ба Исфандёр, Ки эй шердил меҳтари номдор, Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад, Сари мояи корҳо бингарад. Чу мардиву пирӯзиву хоста Варо бошаду ганҷи ороста, Бузургиву гурдиву номи баланд, Ба назди гаронмоягон арҷманд, Ба гетӣ бар ин сон, ки акнун туӣ, Набояд, ки дорад сарат бадхуӣ. Бибошем бар доду яздонпараст, Нагирем дасти бадиро ба даст. Сухан, ҳар чӣ бар гуфтанаш рӯй нест, Дарахте бувад, к-аш бару бӯй нест. Агар ҷони ту биспарад роҳи оз, Шавад кор бесуд бар ту дароз. Чу меҳтар сарояд сухан, сахта беҳ, Зи гуфтори бад ком пардахта беҳ. Зи гуфтори он кас шудӣ банда шод, Ки гуфтӣ, ки чун ӯ зи модар назод. Ба мардиву фарҳангу рою хирад Ҳаме бар ниёкони худ бугзарад. Чу пайдост номат ба Ҳиндустон, Ба Чину ба Руму ба Ҷодуситон. Аз ин пандҳо дорам аз ту сипос, Ситоиш кунам рӯзу дар шаб се пос. Зи Яздон ҳаме орзу хостам, Ки акнун бад-он дил биёростам, Ки бинам писандида чеҳри туро, Бузургиву мардиву меҳри туро. Нишинем як бо дигар шодком, Ба ёди шаҳаншоҳ гирем ҷом. Кунун ончи ҷустам ҳама ёфтам, Ба хоҳишгарӣ тез биштофтам.