Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

562. БОЗГАШТАНИ БАҲМАН

Зи Рустам чу бишнид Баҳман, бирафт, Ҳаме ронд бо мӯбади пок тафт. Таҳамтан замоне ба раҳ-бар бимонд, Завора, Фаромарзро пеш хонд, К-«Аз эдар бар наздики Дастон шавед, Ба назди маҳи Зобулистон шавед. Бигӯед, к-Исфандёр омадаст, Ҷаҳонро яке хостор омадаст. Ба айвонҳо тахти заррин ниҳед, Ба вай ҷомаи хусравоин ниҳед. Чунон ҳам чу ҳангоми Ковусшоҳ В-аз ӯ низ пурмоятар боргоҳ Бисозед чизе ки шояд х(в)ариш Набояд, ки кам бошад аз парвариш, Ки наздики мо пури шоҳ омадаст, Пур аз кинаву размгоҳ омадаст. Гави номдор асту шоҳи далер, Наандешад аз ҷанги як дашт шер. Шавам пеши ӯ, гар пазирад навид, Ба некӣ бувад ҳар касеро умед. Агар некуӣ бинам андар сараш, Зи ёқути сурх оварам афсараш. Надорам аз ӯ ганҷу гавҳар дареғ, На баргустувону на кӯполу теғ. В-агар боз гардонадам ноумед, Набошад маро рӯз бо ӯ сапед, Ту донӣ, ки ин тобдода каманд Сари жандапилон дарорад ба банд». Завора бад-ӯ гуфт: «Мандеш аз ин, Наҷӯяд касе разм, к-аш нест кин. Надодам ба гетӣ яке шаҳрёр Ба рою ба мардӣ чу Исфандёр. Наёяд зи марди хирад кори бад, Надид ӯ зи мо ҳеч кирдори бад». Завора биёмад ба наздики Зол В-аз он рӯй Рустам барафрӯхт ёл. Биёмад дамон то лаби Ҳирманд, Сараш хира гашта зи бими газанд.