563. РАСИДАНИ РУСТАМ ВА ИСФАНДЁР БО ЯКДИГАР
Бифармуд, к-аспи сияҳ зин кунанд,
Ба болош-бар зини заррин кунанд.
Пас аз лашкари номвар сад савор
Бирафтанд бо фаррух Исфандёр.
Аз он сӯ хурӯше баровард Рахш
В-аз ин сӯй аспи яли тоҷбахш.
Таҳматан зи Рахш андаромад фуруд,
Пиёда ҳаме дод ялро дуруд.
Пас аз офарин гуфт, к-«Аз як Худой
Ҳаме хостам, то бувад раҳнамой,
Ки ту бо бузургон дар ин ҷойгоҳ
Чунин тандуруст омадӣ бо сипоҳ.
Нишинему гуфтори фаррух ниҳем
В-аз он пас яке хуб посух диҳем.
Чунин дон, ки Яздон гувои ман аст,
Хирад з-ин сухан раҳнамои ман аст,
Ки ман з-ин суханҳо нагирам фурӯғ,
Нагардам ба ҳар ҷой гирди дурӯғ,
Ки рӯи Сиёвуш агар дидаме,
Бад-он тозарӯӣ нагардидаме.
Намонӣ ҳаме ҷуз Сиёвахшро,
Мар он тоҷдори ҷаҳонбахшро.
Хунук шоҳ, к-ӯ чун ту дорад писар,
Ба болову чеҳрат бинозад падар.
Хунук шаҳри Эрон, ки тахти туро
Парастанду бедор бахти туро!
Дижамбахт он, к-аз ту ҷӯяд набард,
Зи бахту зи тахт андарояд ба гард.
Ҳама душманон аз ту пурбим бод,
Дили бадсиголат ба ду ним бод!
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод
Шабони сияҳ бар ту чун рӯз бод!»
Чу бишнид гуфтораш Исфандёр,
Фуруд омад аз бораи шоҳвор.
Тани пилвораш ба бар даргирифт,
Фаровон бар ӯ офарин баргирифт,
Ки «Яздон сипос, эй ҷаҳонпаҳлавон,
Ки дидам туро шоду равшанравон.