Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

564. НАХОНДАНИ ИСФАНДЁР РУСТАМРО БА МЕҲМОНӢ

Чу Рустам бирафт аз лаби Ҳирманд, Пурандеша шуд номдори баланд. Башутан, ки буд шоҳро раҳнамой, Ҳамон гаҳ биёмад ба пардасарой. Чунин гуфт бо вай ял Исфандёр, Ки «Коре гирифтем душвор хор. Ба айвони Рустам маро кор нест, Варо назди ман низ дидор нест. Ҳамон гар наёяд, нахонам-ш низ, Гар аз мо пур ояд якеро қафиз. Дили зинда аз кушта бирён шавад, Сар аз ошноиш гирён шавад». Башутан бад-ӯ гуфт, к-«Эй номдор, Бародар кӣ дорад чу Исфандёр? Ба Яздон, ки дидам шуморо нахуст, Ки як номвар бо дигар кин наҷуст. Дилам гашт аз он кор чун навбаҳор, Ҳам аз Рустаму ҳам зи Исфандёр. Чу дар коратон жарф кардам нигоҳ, Бубандад ҳаме бар хирад дев роҳ. Ту огоҳӣ аз кори дину ҳунар, Зи фармони Яздону рои падар, Бипарҳезу бо ҷон ситеза макун, Ниюшанда бош аз бародар сухун. Шунидам ҳама, ҳар чӣ Рустам бигуфт, Бузургиш бо мардумӣ буд ҷуфт. Насояд ду пои варо банди ту, Наадешад аз фарру авранди ту. Савори ҷаҳон пури Дастони Сом, Ба бозӣ сар андарнаёрад ба дом. Битарсам, ки ин кор гардад дароз Ба зиштӣ миёни ду гарданфароз. Бузургиву аз шоҳ донотарӣ, Ба ҷангу ба мардӣ тавонотарӣ. Яке базм ҷӯяд, дигар разму кин, Нигаҳ кун, ки то кист боофарин». Чунин дод посух бад-ӯ номдор, Ки «Гар сар бупечам ман аз шаҳрёр,