Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

565. ПӮЗИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР АЗ НОХОНДАНИ РУСТАМ БА МЕҲМОНӢ

Нишаст аз бари Рахш бар сони пил Хурӯшидани асп шуд бар ду мил. Биёмад дамон то ба наздики об, Сипаҳро ба дидори ӯ буд шитоб. Ҳар он кас, ки аз лашкар ӯро бидид, Дилаш меҳри пайванди ӯ баргузид. Ҳаме гуфт ҳар он кас, ки ин номдор Намонад ба кас ҷуз ба Соми савор. Бар он кӯҳаи зин кӯҳи оҳан аст, Ҳамон Рахш гӯӣ, ки Оҳарман аст. Агар ҳамнабардаш бувад жандапил, Барафшон ту бар тораки пил Нил. Хирад нест андар сари шаҳрёр, Ки бофарру гурде чу Исфандёр Бад-ин сон ҳаме аз паи тоҷу гоҳ Ба куштан диҳад номдоре чу моҳ. Ба пирӣ сӯи ганҷ тозонтар аст, Ба меҳру ба дайҳим нозонтар аст. Чу омад ба наздики Исфандёр, Ҳамон гаҳ пазира шудаш номдор. Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй паҳлавон, Навоину навсозу фаррух ҷавон, Хироме наярзид меҳмони ту, Чунин буд то буд паймони ту? Сухан ҳар чи гӯям, зи ман ёд гир, Машав тез бо пир бар хира-хир. Ҳаме хештан бас бузург оядат, В-аз ин номдорон сутург оядат. Ҳамоно ба мардӣ сабук дориям, Ба рою ба дониш тунук дориям. Ба гетӣ чунон дон, ки Рустам манам, Фурӯзандаи тухми Найрам манам. Бихояд зи ман даст деви сиёҳ, Сари ҷодувон андарорам ба чоҳ. Бузургон, ки диданд кабри маро, Ҳам ин шери ғуррон, ҳизабри маро, Ҳама ҷанг нокарда бугрехтанд, Ҳама дашт тиру камон рехтанд.