Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

566. НАКӮҲИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР НАЖОДИ РУСТАМРО

Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, Ки «Эй шердил меҳтари номдор, Ман эдун шунидастам аз мӯбадон, Бузургону бедордил бихрадон, Ки Дастони бадгавҳар аз дев зод, Ба гетӣ фузун з-ин надорад нажод. Фаровон зи Сомаш ниҳон доштанд, Варо растахези ҷаҳон доштанд. Танаш тираву рӯю мӯяш сапед, Чу дидаш, дили Сом шуд ноумед. Бифармуд, то пеши дарё баранд, Магар мурғу моҳӣ варо бишкаранд. Биёмад, бигустард Симурғ пар, Надид андар ӯ ҳеч оину фар. Бибурдаш ба ҷое, ки будаш куном, Зи бурдан мар ӯро хуриш буд ком. Бари баччагонаш бияндохт хор, Ки гоҳи хӯриш з-ӯ гузоранд кор. Ба хӯрдан чу карданд сӯяш басеч, Рамиданд аз вай, нахӯрданд ҳеч. Мар ӯро чунон хор бугзоштанд В-аз ӯ рӯй якбора баргоштанд. Агарчанд Симурғ ноҳор буд, Тани Зол пеш-андараш хор буд. Раҳо кард вайро ба пеши куном, Ба дидори ӯ кас набуд шодком. Ҳаме хӯрд афканда мурдор ӯй, Зи ҷома бараҳна тани хор ӯй. Барафканд Симурғ бар Зол меҳр, Бар ӯ гашт аз ин гуна чанде сипеҳр. Аз он пас, ки мурдор чанде чашид, Бараҳна сӯи Систонаш кашид. Пазируфт Сомаш зи бебаччагӣ, Зи нодониву пириву ғарчагӣ. Хуҷаста бузургону шоҳони ман Ниёи ману некхоҳони ман, Варо баркашиданду доданд чиз, Фаровон бар ӯ сол бугзашт низ.