567. ПОСУХИ РУСТАМ БА ИСФАНДЁР ВА СИТОИШИ НАЖОД ВА КИРДОРИ ХУД
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Ором гир,
Чӣ гӯӣ суханҳои нодилпазир?
Дилат сӯи кажжӣ биболад ҳаме,
Равонат зи девон бинолад ҳаме.
Ту он гӯй, к-аз подшоҳон сазост,
Нагӯяд сухан шоҳ ҷуз роҳи рост.
Ҷаҳондор донад, ки Дастони Сом
Бузург асту бодонишу некном.
Ҳам он Сом пури Наримон будаст,
Наримони гурд аз каримон будаст.
Чунон то ба Гаршосп доранд зод,
Ба Ҷамшед оранд яксар нажод.
Ниёкон-тро подшоҳӣ зи мост
В-агарна касе номи эшон нахост.
Қубоди гузинро зи Албурзкӯҳ
Ман овардам андар миёни гурӯҳ.
Вагарна яке бутпарастанда мард
На бо ганҷу лашкар, на бо дору бард.
Ҳамоно шунидастӣ овои Сом
Набуд дар замона чун ӯ некном.
Нахустин ба Тус-андарун аждаҳо,
Ки аз чанги ӯ кас нагаштӣ раҳо,
Ба дарё наҳангу ба хушкӣ паланг,
Дамаш нарм кардӣ ба кӯҳ хорасанг.
Ба дарё сари моҳиён барфурӯхт
В-аз ӯ бар ҳаво парри каргас бисӯхт.
Ҳаме пилро даркашидӣ ба дам,
Дили хуррам аз ёди ӯ шуд дижам.
Дигар саҳмгин дев буд бадгумон,
Танаш бар замину сараш б-осмон,
Ки дарёи Чин то миёнаш будӣ,
Зи тобидани хур зиёнаш будӣ.
Ҳаме моҳӣ аз об бардоштӣ,
Пас аз гунбади моҳ бугзоштӣ.
Ба хуршед моҳиш бирён шудӣ,
Аз ӯ чархи гарданда гирён шудӣ.
Ду патёра з-ин гуна беҷон шуданд,
Зи теғи яли Сом бирён шуданд.