Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

568. СИТОИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР НАЖОДИ ХЕШРО

Зи Рустам чу Исфандёр ин шунид, Бихандиду шодон дилаш бардамид. Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ранҷу пайкори ту Шунидам ҳама дарду тимори ту. Шунав, корҳое, ки ман кардаам, Зи гарданкашон сар баровардаам. Нахустин камар бастам аз баҳри дин, Тиҳӣ кардам аз бутпарастон замин. Кас аз ҷангҷӯёни гетӣ надид, Ки аз куштагон хок шуд нопадид. Нажоди ман аз пушти Гуштосп аст, Ки Гуштосп аз пушти Лӯҳросп аст, Ки Лӯҳросп буд пури Аврандшоҳ, Ки ӯро будӣ он замон ному ҷоҳ. Ҳам Авранд аз тухмаи Кайпашин, Ки кардӣ падар бар Пашин офарин. Пашин буд аз тухмаи Кайқубод, Хирадманд шоҳе, дилаш пур зи дод. Ҳаме рав чунин то Фаридуншоҳ, Ки бехи каён буду зебои гоҳ. Ҳамон модарам духтари Қайсар аст, Ки ӯ бар сари румиён афсар аст. Ҳамон Қайсар аз Салм дорад нажод, Нажоде баоину бофарру дод. Ҳамон Салм пури Фаридуни гурд, Ки аз хусравон гӯи мардӣ бибурд. Бигӯям ману кас нагӯяд, ки нест, Ки бе раҳ фаровону раҳ андакест. Ту онӣ, ки пеши ниёкони ман, Бузургону фархунда покони ман, Парастанда будӣ ту худ бо ниё, Наҷӯям ҳаме з-ин сухан кимиё. Ту шоҳӣ зи шоҳони ман ёфтӣ, Чу дар бандагӣ тез биштофтӣ. Бимон, то бигӯям ҳама, ҳарчи ҳаст, Яке дар дурӯғ аст, бинмой даст. Ки то шоҳ Гуштоспро дод тахт, Миён баста дорам ба мардиву бахт.