Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

569. СИТОИШ КАРДАНИ РУСТАМ ПАҲЛАВОНИИ ХУДРО

Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр, Ки «Кирдор монад зи мо ёдгор. Кунун доддеҳ бошу бишнав сухан, Аз ин номбардор пири куҳан. Агар ман нарафтӣ ба Мозандарон, Ба гардан бароварда гурзи гарон, Куҷо кӯр буд Геву Гударзу Тус, Шаҳи номвар ҳам зи ғам пурфусӯс. Кӣ кандӣ дилу мағзи деви сапед, Киро буд ба бозӯи хеш ин умед? Кӣ Ковуси кайро кушодӣ зи банд, Кӣ овардӣ ӯро ба тахти баланд? Зи банди гарон бурдамаш сӯи тахт, Шуд Эрон ба ӯ шоду ӯ некбахт. Сари ҷодувонро бикандам зи тан, Сутудон надиданду гӯру кафан. Дар он размҳо ёри ман Рахш буд, Ҳамон теғи тезам ҷаҳонбахш буд. В-аз он пас, ки шуд сӯи Ҳомоварон, Бубастанд пояш ба банди гарон, Бибурдам аз эрониён лашкаре Ба ҷое ки буд меҳтаре ё саре. Бикуштам ба ҷанг-андарун шоҳашон, Тиҳӣ кардам он номвар гоҳашон. Ҷаҳондор Ковус худ баста буд, Зи ранҷу зи тимор дилхаста буд. Ба Эрон буд Афросиёб он замон Або лашкару номвар меҳтарон. Биёвардам аз банд Ковусро, Ҳамон Геву Гударзу ҳам Тусро. Ба Эрон кашидам зи Ҳомоварон Ҳамон паҳлавонону номоварон. Шаби тира чун ман бирафтам зи пеш, Ҳама ном ҷустам, на ороми хеш. Чу дид он дурафшон дурафши маро, Ба гӯш омадаш бонг Рахши маро, Бипардохт Эрону шуд сӯи Чин, Ҷаҳон шуд пур аз доду пурофарин.