570. МАЙ ХӮРДАНИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР
Чунин посух овардаш Исфандёр,
Ки «Гуфтори бешӣ наёяд ба кор.
Шикам гурсуна, рӯз ниме гузашт,
Зи пайкор гуфтор бисёр гашт.
Биёред чизе ки дореду хон,
Касеро ки бисёр гӯяд, махон».
Чу бинҳод, Рустам ба хӯрдан гирифт,
Бимонданд аз хӯрдани ӯ шигифт.
Ял Исфандёру ялон яксара
Ниҳоданд ҳар сӯ ба пешаш бара.
Ҳаме хӯрд Рустам аз онҳо ҳама,
Шигифт андар ӯ монд шоҳу рама.
Бифармуд меҳтар, ки ҷом оваред,
Бад-ӯ-дар маи сурхфом оваред.
Бубинем, то Рустам акнун ба май
Чӣ гӯяд, чӣ ҷӯяд зи Ковуси кай».
Биёвард пас ҷоми май майгусор,
Ки бугзашта бар вай басе рӯзгор.
Ба ёди шаҳаншоҳ Рустам бих(в)ард,
Баровард аз он чашмаи зард гард.
Ҳамон ҷомро кӯдаки майгусор
Биёвард пурбодаи шоҳвор.
Таҳамтан чунин гуфт бо ӯ ба роз,
Ки «Бар хон наёяд ба обат ниёз.
Чаро об дар ҷоми май афканӣ,
Ки тези набиди куҳан бишканӣ?»
Башутан чунин гуфт бо майгусор
Ки «Бе об ҷоме пур аз май биёр».
Май оварда ромишгаронро бихонд,
Зи Рустам ҳаме дар шигифтӣ бимонд.
Чу ҳангомаи рафтан омад фароз,
Зи май лаъл шуд Рустами сарфароз.
Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр,
Ки «Шодон бизӣ, то бувад рӯзгор!
Маю ҳар чӣ хурдӣ, туро нӯш бод,
Равони туро ростӣ тӯш бод!»
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй номдор,
Ҳамеша хирад бодат омӯзгор.