Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

571. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА АЙВОНИ ХУД

Чу Рустам биёмад зи пардасарой, Замоне ҳаме буд бар дар ба пой. Ба карпос гуфт: «Эй сарои умед, Хунук рӯз, к-андар ту буд Ҷаммшед. Ҳумоюн будӣ гоҳи Ковуси кай, Ҳамон рӯзи Кайхусрави некпай. Дари фарраҳӣ бар ту акнун бубаст, Ки бар тахти ту носазое нишаст». Шунид ин суханҳо ял Исфандёр, Пиёда биёмад бари номдор. Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй покрой, Чаро тез гаштӣ ба пардасарой? Сазад, гар ба ин буми Зобулситон Ниҳад донишӣ ном Ғулғулситон, Ки меҳмон чу сер ояд аз мизбон, Ба зиштӣ барад номи ӯ бар забон». Саропардаро, - гуфт, - буд рӯзгор, Ки Ҷамшедро доштӣ дар канор, Ки ӯ роҳи Яздони кайҳон биҳишт, На хуш рӯз будаш, на хуррам биҳишт. Ҳам он рӯз, к-аз баҳри Ковусшоҳ Будӣ пардаву соябони сипоҳ, Ки ӯ рози Яздон ҳаме бозҷуст, Ҳаме хост дид ахтаронро дуруст. Замин з-ӯ саросар пурошӯб гашт, Пур аз ғорату ханҷару чӯб гашт. Хуҷаста будӣ дар гаҳи Кайқубод, К-аз ӯ гашт гетӣ ҳама пур зи дод. Кунун моядори ту Гуштосп аст, Ба пеши вай-андар чу Ҷомосп аст. Нишаста ба як даст чун Зардиҳишт, Ки бо Занду Уст омада аз биҳишт. Ба дигар Башутан гави некмард, Наҷӯяд ба гетӣ ҳамон гарму сард. Ба пеш-андарун фаррух Исфандёр, К-аз ӯ шод шуд гардиши рӯзгор. Дили некмардон бад-ӯ зинда шуд, Бад аз бими шамшери ӯ банда шуд».