Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

572. ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ РУСТАМРО

Чу Рустам биёмад ба айвони хеш, Надид ӯ ҷуз аз разм дармони хеш. Завора биёмад ба наздики ӯй, Варо дид тирадилу зардрӯй. Бад-ӯ гуфт ӯ: «Теғи ҳиндӣ биёр, Ҳамон ҷавшану миғфари корзор. Камон ору баргустувони ситабр, Каманд ору гурзи гарон ору бабр». Завора бифармуд, то ҳарчӣ гуфт, Биёвард ганҷури ӯ аз нуҳуфт. Чу Рустам силеҳи набардӣ бидид, Сар афшонду бод аз ҷигар баркашид. Чунин гуфт, к-«Эй ҷавшани корзор. Баросудӣ аз ҷанг як рӯзгор. Кунун кор пеш омадат, сахт бош, Ба ҳар кор пероҳани бахт бош! Чунин размгоҳе ки ғуррон ду шер Ба ҷанг андароянд ҳар ду далер. Кунун то чӣ пеш орад Исфандёр, Чӣ бозӣ кунад дар дами корзор». Чу бишнид Дастон зи Рустам сухан, Пурандеша шуд мағзи марди куҳан. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй номвар паҳлавон, Чӣ гуфтӣ, к-аз ин тира гаштам равон? Ту то барнишастӣ ба зини набард, Набудӣ магар якдилу покмард? Ба фармони шоҳон сарафрохта, Ҳамеша дил аз ранҷ пардохта. Битарсам, ки рӯзат сар ояд ҳаме, Ки ахтар ба хоб андарояд ҳаме. Мар ин тухми Дастон зи бун барканад, Зану кӯдакон-мон ба хок афканад. Ба дасти ҷавоне чу Исфандёр, Агар ту шавӣ кушта дар корзор, Намонад ба Зобулситон обу хок, Баландӣ бар ин бум гардад мағок. В-ар эдун, ки ӯро расад з-ин газанд, Намонад туро низ номи баланд.