Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

573. ҶАНГИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР

Чу шуд рӯз Рустам бипӯшид кабр, Нигаҳбони тан кард бар кабр бабр. Каманде ба фитроки зин- дар бубаст, Бар он бораи пилпайкар нишаст. Бифармуд, то шуд Завора бараш, Фаровон сухан ронд аз лашкараш. Бад-ӯ гуфт: «Рав, лашкаророй бош, Бар он кӯҳаи рег бар пой бош». Завора биёмад, сипаҳ гирд кард Ба майдон, ки орад ба дашти набард. Таҳамтан ҳаме рафт найза ба даст, Чу берун шуд аз ҷойгоҳи нишаст. Сипоҳаш бар ӯ хонданд офарин, Ки «Бе ту мабод аспу кӯполу зин». Ҳаме рафт Рустам, Завора пасаш, Ки ӯ буд дар подшоҳӣ касаш. Биёмад чунин то лаби Ҳирманд, Ҳама лаб пур аз боду ҷонаш нажанд. Сипаҳ бо бародар ҳам ин ҷо бимонд, Сӯи лашкари шоҳи Эрон биронд. Чунин гуфт пас бо Завора ба роз, Ки «Ман дасти он бадраги девсоз Ҳам акнун аз ин разм кӯтаҳ кунам, Равонро сӯи равшанӣ раҳ кунам. Битарсам, ки бо ӯ бибояд задан, Надонам, к-аз ин пас чӣ шояд будан. Ту эдар бимону сипаҳро бидор, Шавам, то чӣ пеш оварад рӯзгор. Агар тунд ёбам-ш ҳам з-он нишон, Нахоҳам зи Зобулситон саркашон. Ба танҳо тани хеш ҷӯям набард, Зи лашкар нахоҳам касе ранҷа кард. Касе бошад аз бахт пирӯзу шод, Ки бошад ҳамеша дилаш пур зи дод». Гузашт аз бари рӯду боло гирифт, Ҳаме монд аз кори гетӣ шигифт. Хурӯшиду гуфт: «Эй ял Исфандёр, Ҳамовардат омад, баророй кор».