Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

574. КУШТА ШУДАНИ ПИСАРОНИ ИСФАНДЁР АЗ ДАСТИ ЗАВОРА ВА ФАРОМАРЗ

Бад-он гаҳ, ки ҷанги ялон шуд дароз, Ҳаме дер шуд Рустами Зол боз, Завора биёвард аз он сӯ сипоҳ Яке лашкари доғдил кинахоҳ. Ба эрониён гуфт: «Рустам куҷост, Бад-ин рӯз хомӯш будан чарост? Шумо сӯи Рустам ба ҷанг омадед, Хиромон ба коми наҳанг омадед. Ҳаме дасти Рустам бихоҳед баст, Бар ин размгаҳ - бар нашояд нишаст. Завора ба дашном лаб баркушод, Ҳаме кард гуфтори нохуб ёд. Барошуфт аз он пури Исфандёр, Саворе буд аспафкану номдор. Ҷавоне­ки Нӯшозараш буд ном, Сарафрози он лашкару шодком, Барошуфт бо сагзӣ он номдор, Забонро ба дашном букшод хор. Чунин гуфт, к-«Эй сагзии бехирад, Надонӣ, ки ҳар кас, ки дин парварад, Ба мардӣ бияндозад аз худ маниш, Ба фармони шоҳон кунад парвариш. Нафармуд моро ял Исфандёр Чунин бо сагон сохтан корзор. Кӣ печад сар аз рою фармони ӯй, Кӣ ёрад гузаштан зи паймони ӯй? Кунун ар шумо нодурустӣ кунед, Ба ҷанг-андарун пешдастӣ кунед, Бубинед якбор ҷанговарон Ба теғу синону ба гурзи гарон». Завора бифармуд, к-«Андарниҳед Саронро зи хун тоҷ бар сар ниҳед!» Завора биёмад зи пушти сипоҳ, Деҳодеҳ баромад зи овардгоҳ. Бикуштанд з-эрониён бешумор, Чу Нӯшозар он дид, барсохт кор. Саманди сарафрозро барнишаст, Биёмад яке теғи ҳиндӣ ба даст.