Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

575. ГУРЕХТАНИ РУСТАМ БА БОЛОИ КӮҲ

Камон баргирифтанду тири хаданг, Ҳаме гум шуд аз рӯи хуршед ранг. Зи пайкон ҳаме оташ афрӯхтанд, Ба тан-бар зиреҳро ҳаме дӯхтанд. Дил Исфандёр андар он танг шуд, Бурӯҳои чеҳраш пурожанг шуд. Чу ӯ даст бурдӣ ба тиру камон, Нарастӣ кас аз шасти ӯ бегумон. Ба тире ки пайконаш алмос буд, Зиреҳ пеши ӯ ҳамчу қиртос буд. Чу ӯ аз камон тир букшоду шаст, Тани Рустаму Рахши ҷангӣ бихаст. Ҳаме тохт бар гирдаш Исфандёр, Наёмад бар ӯ тири Рустам ба кор. Чу тир аз кафи шоҳ раста шудӣ, Тани Рустаму Рахш хаста шудӣ. Бад-ӯ тири Рустам наёмад ба кор, Фурӯ монд Рустам аз он корзор. Бигуфт он гаҳе Рустами номдор, Ки рӯинтан аст ин ял Исфандёр. Тани Рахш аз ин тирҳо гашт суст, Набуд бораву марди ҷангӣ дуруст. Чу монда шуд аз кор Рахшу савор, Яке чора созид бечоравор. Фуруд омад аз Рахши рахшон чу бод, Сари номвар сӯи боло ниҳод. Ҳамон Рахши хаста сӯи хона шуд, Чунин бо худованд бегона шуд. Зи андоми Рустам ҳаме рафт хун, Шуда сусту ларзон кӯҳи Бесутун. Бихандид чун дидаш Исфандёр Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами номдор, Чаро кам шуд он нерӯи пили маст, Зи пайкон чаро кӯҳи оҳан бихаст? Куҷо рафт он мардиву гурзи ту, Ба разм-андарун фарраву бурзи ту? Гурезон ба боло чаро бар шудӣ, Чу овози шери жаён бишнудӣ?