576. РОЙ ЗАДАНИ РУСТАМ БО ХЕШОН
В-аз он рӯй Рустам ба айвон расид,
Мар ӯро бад-он гуна Дастон бидид.
Завора, Фаромарз гирён шуданд
В-аз он хастагиҳош бирён шуданд.
Зи сар бар ҳаме канд Рӯдоба мӯй,
Бар овози эшон ҳаме хаст рӯй.
Биёмад Завора кушода миён,
Аз ӯ кабр букшоду бабри баён.
Ҳар он кас, ки доно буд аз кишвараш,
Нишастанд яксар ҳама бар дараш.
Бифармуд, то Рахшро пеши ӯй
Бибурданд ҳар кас, ки буд чораҷӯй.
Ҷаҳондида Дастон ҳаме канд мӯй,
Бар он хастагиҳо бимолид рӯй.
Ҳаме гуфт: «Ман зинда бо пирсар,
Бад-ин сон бидидам гиромиписар».
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Нолиш чӣ суд,
Ки ин з-осмон буданӣ кор буд.
Ба пеш аст коре ки душвортар
В-аз ӯ ҷони ман зи пур зи тимортар,
Ки ман ҳамчу рӯинтан Исфандёр
Надидам ба мардӣ гаҳи корзор.
Расидам ба ҳар сӯ ба гирди ҷаҳон,
Хабар ёфтам з-ошкору ниҳон.
Гирифтам камаргоҳи деви сапед,
Задам бар замин ҳамчу як шохи бед.
Хадангам зи сандон гузар ёфтӣ,
Забун доштӣ, гар сипар ёфтӣ.
Задам чанд бар кабри Исфандёр,
Чунон буд, ки бар санг резанд хор.
Ҳамон теғи ман гар бидидӣ паланг,
Ниҳон доштӣ хештан зери санг.
Надаррад ҳаме ҷавшан андар бараш,
На як пораи парниён бар сараш.
В-агарчанд ман низ пӯзиш кунам,
Ки ин сангдилро фурӯзиш кунам.
Наҷӯяд зи ман ҷуз ҳама нох(в)ашӣ
Ба гуфтору кирдор бо саркашӣ.