577. ЧОРА СОХТАНИ СИМУРҒ РУСТАМРО
Чу гаштанд ҳар ду бар он рой тунд,
Гузин Зол омад ба болои тунд.
Аз айвон се миҷмар пуроташ бибурд,
Бирафтанд бо ӯ се ҳушёр гурд.
Фусунгар чу бар теғи боло расид,
Зи дебо яке пар ба берун кашид.
Ба миҷмар яке оташе барфурӯхт,
Бар оташ аз он пар-ш лахте бисӯхт.
Чу як пос аз тирашаб даргузашт,
Чу гуфтӣ, ки рӯи ҳаво тира гашт.
Нигаҳ кард Зол он гаҳе аз фароз,
Зи Симурғ дидаш ҳаво пуртароз.
Ҳамон гаҳ чу мурғ аз ҳаво бингарид,
Ду рахшидани оташи тез дид.
Нишаста бараш Зол бо доғу дард,
Зи афроз мурғ андаромад ба гард.
Чу Симурғро дид Зол аз фароз,
Ситудаш фаровону бурдаш намоз.
Ба пешаш се миҷмар пур аз бӯй кард,
Зи хуни ҷигар бар рухаш ҷӯй кард.
Бад-ӯ гуфт Симурғ: «Шоҳо, чӣ буд,
Ки омад бад-ин сон ниёзат ба дуд?»
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин бад ба душман расод,
Ки бар ман расид аз бади баднажод.
Тани Рустами шердил хаста шуд,
Зи тимори ӯ пои ман баста шуд.
Аз он хастагӣ бими ҷон асту бас,
Бар он гуна хаста надидаст кас.
Ҳамон Рахш гӯӣ, ки беҷон шудаст,
Зи пайкон чунон зору печон шудаст.
Биёмад бар ин кишвар Исфандёр,
Накӯбад ҳаме ҷуз дари корзор.
Нахоҳад ҳаме кишвару тоҷу тахт,
Буну бор хоҳад ҳаме аз дарахт».
Бад-ӯ гуфт Симурғ, к-«Эй паҳлавон,
Мабош андар ин кор хастаравон.
Сазад гар намоӣ ба ман Рахшро,
Ҳам он сарфарози ҷаҳонбахшро.