Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

578. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ҶАНГИ ИСФАНДЁР

Сапеда ҳамонгаҳ зи кӯҳ бардамид, Миёни шаби тира - андар хамид. Бипӯшид Рустам силеҳи набард. Басе аз ҷаҳонофарин ёд кард. Чу омад бари лашкари номдор, Ки кин ҷӯяду разми Исфандёр. Сарафроз шуд Рустами чораҷӯй, Хурӯше баровард беғораҷӯй, Ки «Эй шердил, чанд хусбӣ чунин, Ки Рустам ниҳодаст бар Рахш зин? Ту бархез акнун аз ин хоби х(в)аш, Баровез бо Рустами кинакаш». Чу бишнид овозаш Исфандёр, Силеҳи ҷаҳон пеши ӯ гашт хор. Чунин гуфт пеши Башутан, ки «Шер Бари марди ҷоду набошад далер. Гумоне набурдам, ки Рустам зи роҳ Ба айвон кашад кабру бабру кулоҳ. Ҳамон борагӣ Рахш зер - андараш, Зи пайкон набуд эч пайдо бараш. Шунидам, ки Дастони ҷодупараст Ба ҳар кор ёзад ба хуршед даст. Чу хашм орад, аз ҷодувон бугзарад, Баробар нагардад ҳаме бо хирад». Башутан бад-ӯ гуфт бо оби чашм, Ки «Бар душманат бод тимору хашм. Чӣ будат, ки имрӯз пажмурдаӣ, Ҳамоно, ки шаб хоб нокардаӣ? Миёни ҷаҳон ин ду ялро чӣ буд, Ки чандин ҳаме ранҷ бояд фузуд? Надонам, ки бахти кӣ шуд кундрав, Ки кин оварад ҳар замон нав ба нав». Бипӯшид ҷавшан ял Исфандёр, Биёмад бари Рустами номдор. Хурӯшид, чун рӯи Рустам бидид, Ки «Номи ту бод аз ҷаҳон нопадид! Фаромӯш кардӣ ту, сагзӣ, магар Камону бари марди пархошхар?