579. ТИР АНДОХТАНИ РУСТАМ ИСФАНДЁРРО БА ЧАШМ
Чу донист Рустам, ки лоба ба кор
Наёяд ҳаме пеши Исфандёр,
Камонро ба зеҳ карду он тири газ,
Ки пайкон-шро дода буд оби раз,
Ҳамон гаҳ ниҳодаш варо дар камон,
Сари хеш кардаш сӯи осмон.
Ҳаме хор дорӣ ту гуфтори ман,
Ба хира чӣ меҷуӣ озори ман?
Чунин дод посух, ки чандон фиреб
Ҳамоно ба танг андаромад нишеб.
Ҳаме гуфт, к-«Эй довари моҳу ҳур,
Физояндаи донишу фарру зӯр.
Ҳаме бинӣ ин пок ҷони маро,
Равони маро, ҳам тавони маро,
Ки ман чанд кӯшам, ки Исфандёр
Магар сар бигардонад аз корзор?
Ту донӣ, ки бедод кӯшад ҳаме,
Ба ман ҷангу мардӣ фурӯшад ҳаме.
Ба бодафраҳи ин гуноҳам магир,
Ту, эй офаринандаи моҳу тир.
Чу дар кор чанде, бидидаш диранг,
Ки Рустам ҳаме дер шуд сӯи ҷанг,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами номдор,
Бишуд сер ҷони ту аз корзор.
Бубинӣ кунун тири гуштоспӣ,
Дили шеру пайкони лӯҳроспӣ.
Таҳамтан газ андар камон ронд зуд
Бад-он сон, ки Симурғ фармуда буд,
Бизад рост бар чашми Исфандёр,
Сияҳ шуд ҷаҳон пеши он номдор.
Хам овард болои сарви саҳӣ,
Аз ӯ дур шуд донишу фарраҳӣ.
Нагун шуд сари шоҳи яздонпараст,
Бияфтод чочӣ камонаш зи даст.
Гирифташ фашу ёли аспи сиёҳ,
Зи хун лаъл шуд хоки овардгоҳ.
Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр,
Ки «Овардӣ он тухми зуфтӣ ба бор.