580. АНДАРЗ КАРДАНИ ИСФАНДЁР РУСТАМРО
Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр,
Ки «Акнун сар омад маро рӯзгор.
Ту аз ман мапарҳезу хез, эдар ой,
Ки моро дигаргуна гаштаст рой.
Магар бишнавӣ панду андарзи ман,
Зи баҳри писар мояи дур зи ман.
Бикӯшиву онро ба ҷой оварӣ,
Бузургӣ бар ӯ раҳнамой оварӣ».
Таҳамтан ба гуфтори ӯ дод гӯш,
Пиёда биёмад бараш бо хурӯш.
Ҳаме рехт хун аз ду дида ба шарм,
Ҳаме мӯя кардаш ба овои нарм.
Чу Дастон хабар ёфт аз размгоҳ,
Аз айвон чу бод андаромад ба роҳ.
Завора, Фаромарз чун беҳушон
Бирафтанд то ҷойгоҳи нишон.
Хурӯше баромад зи овардгоҳ,
Ки торик шуд рӯи хуршеду моҳ.
Ба Рустам ҳаме гуфт Зол: «Эй писар,
Туро пеш гирям ба дарди ҷигар,
Ки эдун шунидастам аз мӯбадон,
Зи ахтаршиносону аз бихрадон,
Ки ҳар кас, ки ӯ хуни Исфандёр
Бирезад, варо бишкарад рӯзгор.
Бад-ин гетияш ранҷу сахтӣ бувад
В-агар бугзарад, шӯрбахтӣ шавад».
Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр,
Ки «Аз ту надидам бади рӯзгор.
Замона чунин буду буд, он чӣ буд,
Надонад касе рози чархи кабуд.
На Рустам, на мурғу на тиру камон
Ба разм аз тани ман бибурданд ҷон,
Ки ин кард Гуштосп бо ман чунин,
Бар ӯ - бар нахоҳам зи ҷон офарин.
Маро гуфт, рав, Систонро бисӯз,
Нахоҳам, к-аз ин пас бувад Нимрӯз.
Бикӯшид, то лашкару тоҷу ганҷ
Бад-ӯ монаду ман бимонам ба ранҷ.