581. БУРДАНИ БАШУТАН ТОБУТИ ИСФАНДЁРРО НАЗДИ ГУШТОСП
Яке нағз тобут кард оҳанин,
Бигустард фарше зи дебои Чин.
Дарандуд як рӯи оҳан ба қир,
Пароканда бар қир мушку абир.
Зи дебои зарбафт кардаш кафан,
Хӯрушон бад-ӯ номдор анҷуман.
В-аз он пас, ки пӯшид равшан бараш,
Зи пирӯза бар сар ниҳод афсараш.
Сари тангтобут карданд сахт,
Шуд он борвар хусравонӣ дарахт.
Чиҳил уштур овард Рустам гузин,
Зи боло фурӯҳишта дебои Чин.
Яке уштуре зери тобути шоҳ
Чапу рост уштур, пас - андар сипоҳ,
Ҳама рӯйканда, ҳама канда мӯй,
Забон шоҳгӯву равон шоҳҷӯй.
Башутан ҳаме рафт пеши сипоҳ
Бурида фашу думми аспи сиёҳ.
Бар ӯ барниҳода нагунсор зин,
Зи зин андаровехта гурзи кин.
Ҳамон номвар хӯду хафтони ӯй,
Ҳамон таркашу миғфари ҷангҷӯй.
Сипаҳ рафту Баҳман ба Зобул бимонд,
Зи мижгон ҳаме хуни дил барфишонд.
Таҳамтан бибурдаш ба айвони хеш,
Ҳаме парваронид чун ҷони хеш.
Ба Гуштосп огоҳӣ омад зи роҳ,
Нагун шуд сари номбардор шоҳ.
Ҳама ҷомаҳо чок шуд дар бараш,
Ба хок андаромад сару афсараш.
Хурӯше баромад зи Эрон ба зор,
Ҷаҳон шуд пур аз номи Исфандёр.
Ба Эрон ба ҳар сӯ, ки рафт огаҳӣ,
Бияндохтанд он кулоҳи меҳӣ.
Ҳаме гуфт Гуштосп, к-«Эй покдин,
Ки чун ту набинад замону замин.
Пас аз рӯзгори Манучеҳр боз,
Наёмад чу ту низ гарданфароз.