582. БОЗ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО БА ЭРОН
Ҳаме буд Баҳман ба Зобулситон
Ба нахчиргаҳ бо маю гулситон.
Савориву майхӯрдану боргоҳ
Биёмӯхт Рустам бад-он кинахоҳ.
Ба ҳар чиз беш аз писар дошташ,
Шабу рӯз хандон ба бар дошташ.
Чу гуфтору кирдор пайванд шуд,
Дари кин ба Гуштосп - бар банд шуд.
Яке нома бинвишт Рустам бадард,
Ҳама кори фарзанди ӯ ёд кард.
Сари нома кард офарин аз нахуст,
Бар он кас, ки кина ба пӯзиш бишуст.
Дигар гуфт: Яздон гувои ман аст,
Башутан бад-ин раҳнамои ман аст,
Ки ман чанд гуфтам ба Исфандёр,
Магар сар бигардонад аз корзор.
Супорам бад-ӯ кишвару ганҷи хеш,
Гузид ӯ зи ҳар гунае ранҷи хеш,
Замонаш чунон буд, ки букшод чеҳр,
Маро дил пур аз дарду ҳам пур зи меҳр.
Бад-он гуна буд гардиши осмон
Писанда набошад касе бо замон.
Кунун ин ҷаҳонҷӯй назди ман аст,
Ки фаррухтар аз урмузди ман аст.
Ҳунарҳои шоҳонаш омӯхтам,
Аз андарз воми хирад тӯхтам.
Чу паймон кунад шоҳи пӯзишпазир,
К-аз ин пас наандешад аз кори пир,
Ниҳони тану ҷони ман пеши ӯст,
Агар ганҷу тоҷ аст, агар мағзу пӯст»,
Чу он нома шуд назди шоҳи ҷаҳон,
Пароканда шуд дар миёни меҳон.
Башутан биёмад гувоҳӣ бидод,
Суханҳои Рустам ҳама кард ёд.
Ҳамон зориву панду андарзи хеш,
Сухан гуфтан аз ганҷ в-аз марзи хеш.
Зи Рустам дили номвар гашт х(в)аш,
Назад низ бар дил зи тимор таш.