Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

583. Фиристода посух биёвард зуд

Бад-он сон, ки Гуштосп фармуда буд. Аз он номвар паҳлавон шод гашт, Варо дил зи андӯҳ озод гашт. Чунин то баромад бар ин кор чанд, Бишуд шоҳзода ба боло баланд. Хирадманду бодонишу дастгоҳ Зи шоҳон барафрӯхта фарру ҷоҳ. Бидонист Ҷомосп аз неку бад, Ки он подшоҳӣ ба Баҳман расад. Ба Гуштосп гуфт, «Эй писандида шоҳ, Туро кард бояд ба Баҳман нигоҳ. Зи дониш падар ҳарчӣ ҷуст андар ӯй, Ба ҷой омаду гашт бообрӯй. Ба бегонакишвар фаровон бимонд, Касе номаи ту бар ӯ - бар нахонд. Ба Баҳман яке нома бояд навишт Ба сони дарахте ба боғи биҳишт. Кӣ дорӣ ба гетӣ ҷуз ӯ ёдгор, Гусорандаи дарди Исфандёр?» Хуш омад сухан шоҳ Гуштоспро, Бифармуд фархунда Ҷомоспро, Ки «Бинвис як нома наздики ӯй, Яке сӯи гарданкаши номҷӯй, Ки яздонсипос, эй ҷаҳонпаҳлавон, Ки мо аз ту шодему равшанравон. Набера, ки аз ҷон гиромитар аст, Ба дониш зи Ҷомосп номитар аст. Ба бахти ту омӯхт фарҳангу рой, Сазад, гар фиристӣ варо боз ҷой». Яке сӯи Баҳман, ки «Ҳам дар замон, Чу нома бихонӣ, ба Зобул мамон, Ки моро ба дидорат омад ниёз, Баророй кору диранге масоз». Ба Рустам чу бархонд нома дабир, Аз ӯ шод шуд марди донишпазир. Зи чизе ки будаш ба ганҷ-андарун Зи хафтону аз ханҷари обгун, Зи баргустувону зи тиру камон,