Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

584. ЛАШКАР КАШИДАНИ ФАРОМАРЗ БА КИНИ РУСТАМ ВА КУШТАНИ Ӯ ШОҲИ КОБУЛРО

Фаромарз чун сӯги Рустам бидошт, Сипаҳро ҳама сӯи ҳомун гузошт. Дари хонаи пилтан боз кард, Сипаҳро зи ганҷу дирам соз кард. Саҳаргаҳ хурӯш омад аз карраной, Ҳам аз кӯси рӯину ҳиндидарой. Сипоҳе зи Зобул ба Кобул кашид, Ки хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид. Чу огоҳ шуд шоҳи Кобулситон, Аз он номдорони Зобулситон, Сипоҳи парокандаро гирд кард, Замин оҳанин шуд, ҳаво лоҷвард. Пазира Фаромарз шуд бо сипоҳ, Бишуд рӯшноӣ зи хуршеду моҳ. Сипаҳро чу рӯй андаромад ба рӯй. Ҷаҳон шуд пуровози пархошҷӯй. Аз анбӯҳи аспони гарди сипоҳ, Ба беша - дарун шер гум кард роҳ. Баромад яке боду гарди кабуд, Замин з-осмон ҳеҷ пайдо набуд, Биёмад Фаромарз пеши сипоҳ, Бизад хештан тез бар қалбгоҳ. Зи гарди саворон ҷаҳон тор шуд, Сипаҳдори Кобул гирифтор шуд. Пароганда шуд он сипоҳи бузург Далерони Зобул ба кирдори гург, Зи ҳар сӯ ба эшон камин сохтанд, Паси лашкар андар ҳаме тохтанд. Бикуштанд чандон зи гурдони Ҳинд, Ҳам аз пурманиш номдорони Синд, Ки гил шуд ҳама хоки овардгоҳ, Пароканда хиндиву синдисипоҳ. Дил аз марзу аз хона бардоштанд, Зану кӯдаки хурд бугзоштанд. Тани меҳтари кобулӣ пур зи хун, Фиканда ба сандуқи пил андарун. Биёвард лашкар ба нахчиргоҳ, Ба ҷое куҷо канда буданд чоҳ.