585. БЕҲУШ ГАШТАНИ РУДОБА АЗ СӮГИ РУСТАМ
Ба як сол дар Систон сӯг буд,
Ҳама ҷомаҳошон сиёҳу кабуд.
Чунон гуфт Рудоба рӯзе ба Зол,
Ки «Аз ранҷу сӯги Таҳамтан бинол.
Ҳамоно, ки то хаст гетифурӯз,
Аз ин тиратар кас надидаст рӯз».
Бад-ӯ гуфт Зол «Эй зани камхирад,
Ғами ночаридан бар ин бугзарад».
Барошуфт Рудоба, савганд хӯрд,
Ки «Ҳаргиз наёбад танам хобу хӯрд.
Равонам равони гави пилтан
Магар боз бинад бад-он анҷуман».
Зи хӯрдан ба як ҳафта тан боз дошт,
Ки бо ҷони Рустам яке роз дошт.
Зи нохӯрданаш чашм торик шуд.
Тани паҳлавониш борик шуд.
Зи ҳар сӯ, ки рафтӣ парастанда чанд,
Ҳаме рафт бо ӯ зи бими газанд.
Сари ҳафтаро з-ӯ хирад дур шуд,
Зи девонагӣ мотамаш сур шуд.
Биёмад ба матбах ба ҳангоми хоб,
Яке мори мурда бидид андар об.
Бизад дасту бигрифт печон сараш,
Бар-он буд, ки аз мор созад х[в]араш.
Парастанда аз дасти Рудоба мор,
Рабуду гирифтандаш андар канор.
Кашидандаш аз ҷои нопок даст,
Ба айвон-ш бурданду ҷои нишаст.
Ба ҷое ки будиш, биншохтанд,
Бибурданду хону хуриш сохтанд.
Ҳаме хӯрд ҳар чиз, то гашт сер,
Фиканданд хону ҷомаи нарм зер.
Биҳуфту баросуд аз андӯҳу ранҷ,
Зи тимори маргу аз андӯҳи ганҷ.
Хуриш хост, к-аз хоб бархост низ,
Бибурданд ҳар гуна бисёр чиз.
Чу боз омадаш ҳуш, бо Зол гуфт,
Ки «Гуфтори ту бо хирад буд ҷуфт.