586. СУПУРДАНИ ГУШТОСП ШОҲӢ БА БАҲМАН ВА МУРДАН
Чу шуд рӯзгори Таҳамтан ба сар,
Ба пеш оварам достоне дигар.
Чу Гуштоспро тира шуд рӯи бахт,
Биёвард Ҷомоспро пеши тахт.
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз кори Исфандёр,
Чунон доғдил гаштам аз рӯзгор,
Ки рӯзе набуд зиндагоним х[в]аш,
Дижам гаштам аз ахтари кинакаш.
Пас аз ман кунун шоҳ Баҳман бувад,
Ҳамон роздораш Башутан бувад.
Мапечед сарҳо зи фармони ӯй,
Магиред дурӣ зи паймони ӯй.
Якояк буведаш намояндароҳ,
Ки ӯй аст зебои тахту кулоҳ».
Бад-ӯ дод пас ганҷҳоро калид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Бад-ӯ гуфт: «Кори ман андар гузашт,
Ҳам аз торакам об бартар гузашт.
Нишастам ба шоҳӣ саду бист сол,
Надидам зи гетӣ касеро ҳамол.
Ту акнун ҳаме кӯшу бо дод бош,
Чу дод оварӣ, аз ғам озод бош.
Хирадмандро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор.
Ҳама ростӣ кун, ки аз ростӣ
Наёяд ба кор-андарун костӣ.
Супурдам туро тахту дайҳиму ганҷ,
Аз он пас, ки бурдам басе дарду ранҷ».
Бигуфт ину шуд рӯзгораш ба сар,
Замони гузашта наёяд ба бар.
Яке дахма карданд аз шизу оҷ,
Биёвехтанд аз бари гоҳ тоҷ.
Ҳаме будаш аз ганҷу аз ранҷ баҳр,
Бидид аз паси нӯшу тарёк заҳр.
Агар будан ин аст, шодӣ чарост,
Шуд аз марг дарвеш бо шоҳ рост.
Бихӯр ҳарчи дориву бар бад макӯш,
Зи гетӣ ба марди хирад дор гӯш.