587. КИН ХОСТАНИ БАҲМАН АЗ БАҲРИ ХУНИ ИСФАНДЁР
Чу Баҳман ба тахти ниё барнишаст,
Камар бар миён басту букшод даст.
Сипаҳро дирам доду динор дод,
Ҳамон кишвару марз бисёр дод.
Яке анҷуман сохт аз бихрадон
Бузургону корозмуда сарон.
Чунин гуфт, к-«Аз марги Исфандёр,
Зи неку бади гардиши рӯзгор,
Ҳама ёд доред пиру ҷавон,
Ҳар он кас, ки ҳастед равшанравон.
Ки Рустам гаҳи зиндагонӣ чӣ кард,
Ҳамон Золи афсунгар, он пирмард.
Фаромарз ҷуз кини мо дар ҷаҳон
Наҷӯяд ҳаме ошкору ниҳон.
Сарам пур зи дард асту дил пур зи хун,
Ҷуз аз кин надорам ба мағз-андарун.
Ду ҷанги чу Нӯшозару Меҳрнӯш,
Ба зорӣ бад-он сон супурданд ҳуш.
Чу Исфандёре, ки андар ҷаҳон,
Набошад чун ӯ ошкору ниҳон,
Ба Зобулситон з-он нишон кушта шуд,
Зи дардаш даду дом саргашта шуд.
Ҳамоно, ки бар хуни Исфандёр
Ба зорӣ бигиряд бар айвон нигор.
Ҳам аз хуни он номдорони мо,
Ҷавонону ҷангӣ саворони мо.
Ҳар он кас, ки ӯ бошад аз оби пок,
Наёрад сари гавҳар андар мағок.
Ба кирдори шоҳ Офаридун равад,
Чу чунин бибошад ҳумоюн бувад.
Ки Заҳҳокро аз паи хуни Ҷам,
Зи ҷанговарони ҷаҳон кард кам.
Манучеҳр бо Туру Салми сутург,
Биёвард аз Омул сипоҳи бузург.
Ба Чин рафту кини ниё боз хост,
Зи кушта замин кард бо кӯҳ рост.
Чу Кайхусрав омад, зи Афросиёб,
Зи хун кард гетӣ чу дарёи об.