Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

588. ДАР БАНД АНДОХТАНИ БАҲМАН ЗОЛРО

Чу омад ба наздикии Ҳирманд, Фиристодае баргузид арҷманд. Фиристод наздики Дастони Сом Бидодаш зи ҳар гуна чанде паём. Чунин гуфт, к-"аз кори Исфандёр, Маро дар ҷаҳон талх шуд рӯзгор. Ҳам аз кини Нӯшозару Нӯшзод, Ду шоҳи гиромӣ, ду фаррухнажод. Зи дил кини дерина берун кунам, Ҳама рӯди Зобул пур аз хун кунам." Фиристода омад ба Зол ин бигуфт Дили Зол бо дарду ғам гашт ҷуфт. Чунин дод посух, ки "Гар шаҳрёр, Барандешад аз кори Исфандёр, Бидонад, ки он буданӣ кор буд, Маро з-он сухан дил пурозор буд. Ту будӣ ба неку бад андар миён, Зи ман суд дидӣ, надидӣ зиён. Напечид Рустам зи фармони ӯй, Дилаш баста дидӣ ба паймони ӯй. Падар-т он гаронмоя шоҳи бузург, Замонаш биёмад чунон шуд сутург. Ба беша - дарун шеру нараждаҳо, Зи чанги замона наёбад раҳо. Ҳамоно шунидӣ ки Соми савор Ба мардӣ чӣ кард андар он рӯзгор. Чунин то ба ҳангоми Рустам расид Зи Дастон шунав, то чӣ диду шунид. Ба пеши ниёкон-т андар чӣ кард, Зи мардӣ ба ҳангоми нангу набард. Ҳамон кеҳтари доягони ту буд, Ба лашкар зи пурмоягони ту буд. Ба зорӣ кунун Рустам андар гузашт, Ҳама Зобулистон пурошӯб гашт. Агар дарнавардӣ ту пайкори мо, Ба хубӣ бияндешӣ аз кори мо, Биёӣ, зи дил кина берун кунӣ, Ба меҳр-андар ин кишвар афсун кунӣ.