Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

589. РАЗМИ ФАРОМАРЗ БО БАҲМАН ВА КУШТА ШУДАНИ ФАРОМАРЗ

Ғамӣ шуд Фаромарз дар марзи Буст, Зи баҳри ниё дасти кинро бишуст. Сипаҳ карду сар сӯи Баҳман ниҳод. Зи разми Таҳамтан басе кард ёд. Чу наздики Баҳман расид огаҳӣ, Барошуфт бар тахти шоҳаншаҳӣ. Буна барниҳоду сипаҳ барнишонд, Ба Гӯроба омад ду ҳафта бимонд. Зи овози шайпуру ҳиндидарой, Ҳаме кӯҳро дил баромад зи ҷой. Бишуст осмон рӯи гетӣ ба қир, Буборид чун жола аз қир тир. Зи чоки табарзин, ҷаранги камон, Замин гашт ҷунбонтар аз осмон. Се рӯзу се шаб ҳам дар он размгоҳ, Ба тобанда рӯзу шабони сиёҳ, Ҳаме гурз бориду пӯлодтеғ, Зи гарди сипоҳ осмон баст меғ. Ба рӯзи чаҳорум яке бод хост, Ту гуфтӣ, ки бо рӯз шаб гашт рост. Ба сӯи Фаромарз баргашт бод, Ҷаҳондор гашт аз дами бод шод. Ҳаме шуд паси гард бо теғи тез Баровард аз он анҷуман растахез. Зи Бустиву аз лашкари зобулӣ, Зи гурдони шамшерзан кобулӣ, Бар овардгаҳ-бар саворе намонд В-аз он саркашон номдоре намонд. Ҳама сар ба сар пушт бардоштанд, Фаромарзро хор бугзоштанд. Ҳама размгаҳ кушта чун кӯҳ-кӯҳ, Ба ҳам барфиканда зи ҳар ду гурӯҳ. Фаромарз бо андаке размҷӯй, Ба мардӣ ба рӯй андаровард рӯй. Ҳама тан-ш пур захми шамшер буд, Ки фарзанди шерон буду шер буд. Саранҷом бар дасти гурд Ардашер, Гирифтор шуд номдори далер.