Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

590. РАҲО КАРДАНИ БАҲМАН ЗОЛРО ВА БОЗГАШТАН БА АЙВОН

Гиромӣ Башутан, ки дастур буд, Зи куштан дилаш сахт ранҷур буд. Ба пеши ҷаҳондор бар пой хост, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави додрост, Агар кина будат ба дил хостӣ, Падид омад аз хостан костӣ. Кунун ғорату куштану ҷангу ҷӯш, Мафармову мапсанду чандин макӯш, Зи Яздон битарсу зи мо шарм дор, Нигаҳ кун бад-ин гардиши рӯзгор. Якеро барорад ба абри баланд, Дигар з-ӯ шавад хору зору нажанд. Падар-т он ҷаҳонгири лашкарфурӯз На тобутро шуд сӯи Нимрӯз. На Рустам ба Кобул, ба нахчиргоҳ Бад-он шуд, ки то нест гардад ба чоҳ. Ту то бошӣ, эй хусрави покзод, Маранҷон касеро, ки дорад нажод. Чу фарзанди Соми Наримон зи банд, Бинолад ба Парвардигори баланд, Бупечӣ ту з-он гарчи некахтарӣ, Чу бо Кирдигор афканад доварӣ. Чу Рустам нигаҳбони тахти каён Ҳама бар дари ранҷ бастӣ миён. Ту ин тоҷ аз ӯ ёфтӣ ёдгор, На аз шоҳ Гуштаспу Исфандёр. Бузургӣ зи шамшери ӯ доштанд, Меҳонро ҳама зери ӯ доштанд. Аз ӯ банд бардор, агар бихрадӣ, Дилат бозгардон зи роҳи бадӣ». Чу бишнид шоҳ аз Башутан сухан, Пушаймон шуд аз кардаҳои куҳан. Хурӯше баромад зи пардасарой, Ки «Эй паҳлавонони бододу рой, Басечидани бозгаштан кунед, Мабодо, ки тороҷу куштан кунед». Бифармуд то пои Дастон зи банд, Кушоданду доданд бисёр панд.