Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

591. БА ЗАНӢ ГИРИФТАНИ БАҲМАН ҲУМОЙ ДУХТАРИ ХЕШРО ВА ВАЛИАҲД КАРДАНАШ

Писар буд ӯро яке шергир, Ки Сосон-ш хондӣ варо Ардашер. Яке духтараш буд номаш Ҳумой, Ҳунарманду бодонишу покрой. Ҳаме хондандӣ варо Чеҳрзод, Зи гетӣ ба дидори ӯ буд шод. Падар дарпазируфташ аз некувӣ, Бад-он дин, ки хонӣ варо паҳлавӣ. Ҳумои дилафрӯзи тобандамоҳ, Чунон буд, ки обистан омад зи шоҳ. Чу шаш моҳ шуд пур зи тимор шуд, Чу Баҳман чунон дид, бемор шуд. Чу аз дард шоҳ андаромад зи пой, Бифармуд, то пеши ӯ шуд Ҳумой. Бузургону некахтаронро бихонд, Ба тахти гаронмоягон барнишонд. Чунин гуфт, к-«Ин поктан Чеҳрзод, Зи гетӣ фаровон набудаст шод. Супурдам бад-ӯ тоҷу тахти баланд, Ҳамон лашкару ганҷу бахти баланд. Валиаҳди ман ӯ бувад дар ҷаҳон, Ҳамон кас, ки з-ӯ зояд андар ниҳон. Агар духтаре зоядаш ё писар, Варо бошад ин тоҷу тахту камар. Чу Сосон шунид ин сухан, хира шуд, Зи гуфтори Баҳман дилаш тира шуд. Ба се рӯзу ду шаб ба сони паланг Аз Эрон ба марзи дигар шуд зи нанг. Дамон сӯи шаҳри Нишопур шуд, Пур аз дард буд, аз падар дур шуд. Занеро зи тухми бузургон бихост, Ҳаме хештан дошт бо хок рост. Ҳаме дошт тухми каӣ дар нуҳуфт, Зи гавҳар ба гетӣ касеро нагуфт. Зани поктан пок фарзанд зод Яке некпай пури фаррухнажод. Падар ном Сосон-ш кард он замон Мар ӯро ба зудӣ сар омад замон.