592. ГУЗОШТАНИ ҲУМОЙ ПИСАРИ ХУД ДОРОБРО БА ДАРЁИ ФУРОТ ДАР САНДУҚ
Ба беморӣ - андар бимурд Ардашер,
Ҳаме буд бекор тоҷу сарир.
Ҳумой омаду тоҷ бар сар ниҳод,
Яке рою оини дигар ниҳод.
Сипаҳро ҳама сар ба сар бор дод,
Дари ганҷ букшоду динор дод.
Ба рою ба дод аз падар даргузашт,
Ҳама гетӣ аз додаш обод гашт.
Ҳаме гуфт, «к-«Ин тоҷ фархунда бод,
Дили бадсиголони мо канда бод.
Ҳама некуӣ бод кирдори мо,
Мабинод кас ранҷу тимори мо.
Тавонгар кунем он ки дарвеш буд,
Ниёзаш ба ранҷи тани хеш буд.
Меҳони ҷаҳонро, ки доранд ганҷ
Нахоҳам, ки бошанд аз мо ба ранҷ».
Чу ҳангомаи зодан омад фароз,
Зи шаҳру зи лашкар ҳаме дошт роз.
Ҳаме тахти шоҳӣ писанд омадаш,
Ҷаҳон доштан судманд омадаш.
Ниҳонӣ писар зоду бо кас нагуфт,
Ҳаме дошт он некуӣ дар нуҳуфт.
Биёвард озодтан дояе
Яке поку пуршарму пурмояе.
Ниҳонӣ бад-ӯ дод фарзандро,
Чунон шод шоҳи барӯмандро.
Касе, к-ӯ зи фарзанди ӯ ном бурд,
Чунин гуфт, к-он покзода бимурд.
Ҳамон тоҷи шоҳӣ ба сар барниҳод,
Ҳаме буд бар тахт пирӯзу шод.
Зи душман ба ҳар сӯ, ки буд меҳтаре,
Фиристод бар ҳар сӯе лашкаре.
Зи чизе, ки рафтӣ ба гирди ҷаҳон,
Баду нек бар вай набудӣ ниҳон.
Ба гетӣ ҷуз аз доду хубӣ нахост,
Ҷаҳонро саросар ҳаме дошт рост.
Ҷаҳоне шуда эмин аз доди ӯй,
Ба гетӣ набудӣ ҷуз аз ёди ӯй.