593. ПАРВАРДАНИ ГОЗУР ДОРОБРО
Чу бегоҳ гозур биёмад зи рӯд,
Бад-ӯ гуфт ҷуфташ, ки «Ҳаст ин дуруд,
Ки боз омадӣ ҷомаҳо нимнам,
Бад-ин коркард аз кӣ ёбӣ дирам?»
Дили гозур аз дард пажмурда буд,
Яке кӯдаки зиракаш мурда буд.
Зани гозур аз дарди кӯдак навон,
Халида рухон, тира гашта равон.
Бад-ӯ гуфт гозур, ки «Боз ор ҳуш,
К-аз ин пас туро зишт бошад хурӯш.
Кунун гар бимонад сухан дар нуҳуфт,
Бигӯям ба пеши сарафроз ҷуфт.
Ба санге, ки ман ҷомаро барзанам,
Чу покиза гардад ба об афканам,
Бад-он ҷой сандуқ дидам яке
Нуҳуфта бад-ӯ андарун кӯдаке.
Кунун чун кушоям сари баста боз,
Ба дидори он хурдат ояд ниёз.
Агар буд моро яке пури хурд,
Набудаш басе зиндагонӣ, бимурд.
Кунун ёфтӣ пури нохоста,
Зи динор в-аз гавҳар ороста».
Чу он ҷомаҳо бар замин барниҳод,
Сари тангсандуқро баркушод.
Зани гозур он дид, хира бимонд,
Бар ӯ-бар ҷаҳонофаринро бихонд.
Рухе дид тобон миёни ҳарир,
Ба дидор монандаи Ардашер.
Пур аз дурри хуш-об болини ӯй,
Ақиқу забарҷад ба поини ӯй.
Ба дасти чапаш сурх динор буд,
Сӯи рост ёқут бисёр буд.
Бад-ӯ дод зан зуд пистони шир,
Бибуд шод аз он кӯдаки дилпазир.
Зи хубии он кӯдаку хоста.
Дили ӯ зи ғам гашта пероста.
Бад-ӯ гуфт гозур, к-«Инро ба ҷон,
Харидор бошем то ҷовидон.