Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

594. ПУРСИДАНИ ДОРОБ НАЖОДИ ХУДРО АЗ ЗАНИ ГОЗУР ВА ҶАНГ ОВАРДАН БА РУМИЁН

Ба гозур чунин гуфт рӯзе, ки «Ман Ҳаме ин ниҳон дорам аз анҷуман. Наҷунбад ҳаме бар ту-бар меҳри ман, Намонад ба чеҳри ту-бар чеҳри ман. Шигифт оядам чун писар хониям, Ба дӯкон бари хеш биншониям». Бад-ӯ гуфт гозур, ки «Инат сухан, Дареғ он шуда ранҷҳои куҳан. Туро гар маниш, з-они ман бартар аст, Падар ҷӯю рози ту бо модар аст». Чунон буд, ки як рӯз гозур бирафт, Зи хона сӯи рӯд тозид тафт. Дари хонаро танг Дороб баст, Биёмад, ба шамшер ёзид даст. Ба зан гуфт: «Кажживу торӣ маҷӯй, Ҳар он ч-ат бипурсам, ҳама рост гӯй». Шуморо кӣ бошам, ба гавҳар киам, Ба наздики гозур зи баҳри чиам?» Зани гозур аз бим зинҳор хост, Худованди дорандаро ёр хост. Бад-ӯ гуфт: «Хуни сари ман маҷӯй, Бигӯям туро ҳар чи гуфтӣ бигӯй». Суханҳо якояк бар ӯ баршумурд. Напӯшид з-ӯ кору кажжӣ набурд. Зи сандуқ в-аз кӯдаки ширхор, Зи динор в-аз гавҳари шоҳвор. Бад-ӯ гуфт: "Мо дастакорон будем, На аз тухмаи номдорон будем. Аз они ту дорем чизе ки ҳаст, Забардаст гашт аз ту ин зердаст. Парастанда моему фармон турост, Нигар, то чӣ хоҳӣ, тану ҷон турост". Чу бишнид Дороб, хира бимонд, Равонро ба андеша андар нишонд. Бад-ӯ гуфт: «Аз он хоста ҳеҷ монд В-агар гозур онро ҳама барфишонд? Кӣ бошад баҳои яке борагӣ, Бад-ин рӯзи кундиву бечорагӣ?»