595. ОГОҲ ШУДАНИ РАШНАВОД АЗ КОРИ ДОРОБ
Чунон буд, ки рӯзе яке тезбод,
Баромад, ғамӣ гашт аз ӯ Рашнавод.
Яке раъду борони бобарқу ҷӯш,
Замин пур зи об, осмон пурхурӯш.
Ба ҳар сӯ зи борон ҳаме тохтанд,
Ба дашт-андарун хаймаҳо сохтанд.
Ғамӣ гашт аз он кор Дороб низ,
Зи борон ҳаме ҷуст роҳи гурез.
Нигаҳ кард, вайрон яке ҷой дид,
Миёнаш яке тоқ бар пой дид.
Баланду куҳан буду озурда буд,
Ҳамон боду борон варо хӯрда буд.
Бад-он тоқи озурда боист хуфт,
Ки танҳо тане буд бе ёру ҷуфт.
Сипаҳбад ҳаме гирди лашкар бигашт,
Аз он тоқи озурда андар гузашт.
Зи вайрон хурӯше ба гӯш омадаш,
К-аз он саҳм аз ҷон хурӯш омадаш.
Ки «Эй тоқи озурда ҳушёр бош,
Бар ин шоҳи Эрон нигаҳдор бош.
Набудаш яке хаймаву ёру ҷуфт,
Биёмад, ба зери ту андар биҳуфт».
Чунин гуфт бо хештан Рашнавод,
Ки "Ин боди раъд аст, агар тундбод?!"
Дигарбора омад зи вайрон хурӯш,
Ки «Эй тоқ чашми хирадро мапӯш,
Ки дар туст фарзанди шоҳ Ардашер,
Зи тобон матарс, ин сухан ёд гир».
Се бор ин ҳам овозаш омад ба гӯш,
Шигифтӣ дилаш танг шуд з-он хурӯш.
Ба фарзона гуфт: «Ин чӣ шояд будан,
Якеро сӯи тоқ бояд шудан.
Бубинед, то андар он хуфта кист,
Чунин бар тани хеш ошуфта кист?»
Бирафтанду диданд марди ҷавон,
Хирадманд бо чеҳраи паҳлавон.
Ҳама ҷомаву асп тарру табоҳ.
Зи хоки сияҳ сохта хобгоҳ.