Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

596. РАЗМИ ДОРОБ БО ЛАШКАРИ РУМ

Бигуфт ину з-он ҷойгаҳ баргирифт, Аз он марз то Рум лашкар гирифт. Сипаҳбад талоя ба Дороб дод, Талоя синонро ба заҳр об дод, Талоя ҳаме рафт наздики Рум В-аз ин сӯ нигаҳбони ин марзбум. Зи ногаҳ ду лашкар ба ҳам бозх [в]ард Баромад ҳамон гоҳ гарди набард. Ҳама як ба дигар баромехтанд, Чу рӯди равон хун ҳаме рехтанд. Чу Дороб дид он сипоҳи набард, Ба пеш андаромад ба кирдори гард. Аз он лашкари Рум чандон бикушт, Ки гуфтӣ ҷаҳон теғ дорад ба мушт. Ҳаме рафт аз он гуна бар сони шер, Наҳанге ба ҷанг аждаҳое ба зер. Чунин то ба лашкаргаҳи румиён, Ҳаме тохт бар сони шери жаён. Замин шуд зи румӣ чу дарёи хун, Ҷаҳонҷӯйро теғ буд раҳнамун. Ба пирӯзӣ аз румиён гашт боз, Ба наздики солори гарданфароз. Басе офарин ёфт аз Рашнавод, Ки "Ин лашкари шоҳ бе ту мабод. Чу мо бозгардем аз ин марзи Рум, Сипоҳ андарояд ба обод бум, Ту чандон навозиш биёбӣ зи шоҳ, Ки ёбӣ фузунӣ ба ганҷу кулоҳ". Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд, Силеҳи саворон биперостанд. Чу хуршед барзад сар аз тирароғ, Замин шуд ба кирдори равшанчароғ, Ба ҳам боз хӯрд ин ду ҷангӣ сипоҳ, Шуд аз гард хуршеди тобон сиёҳ. Чу Дороб пеш омаду ҳамла бурд, Инонро ба аспи таковар супурд, Ба пеши сафи румиён кас намонд, Зи гурдони шамшерзан бас намонд.