597. ШИНОХТАНИ ҲУМОЙ ПИСАРРО
В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод,
Писандида Дороб бо Рашнавод.
Ба манзил бад-он тоқи вайрон расид,
Ки Доробро андар ӯ хуфта дид.
Зани гозуру шӯю гавҳар ба ҳам,
Расиданду аз бими хорӣ дижам.
Ҳамон гоҳашон хонд аз ҷои хеш,
Ба Яздон паноҳида рафтанд пеш.
Чу дид он зану шӯйро Рашнавод,
Зи ҳар гуна пурсиду карданд ёд.
Бигуфтанд бо ӯ сухан ҳар чи буд,
Зи сандуқ в-аз гавҳари нобисуд.
Зи ранҷу зи парвардани ширхор,
Зи тимор в-аз гардиши рӯзгор.
Чунин гуфт бо шӯю зан Рашнавод,
Ки «Пирӯз бошеду ҳамвора шод!
Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид,
На аз мӯбадон низ ҳаргиз шунид».
Ҳам андар замон марди покизарой,
Яке нома бинвишт назди Ҳумой.
Зи Дороб в-аз об в-аз хобгоҳ,
Ҳам он ҷанги ӯ андар он размгоҳ.
Зи гозур сухан ҳар чи бишнид низ,
Зи сандуқ в-аз кӯдаки хурду чиз.
В-аз овоз, к-омад мар ӯро ба гӯш,
Зи тангӣ, ки шуд Рашнавод аз хурӯш.
В-аз он, к-ӯ ба асп андаровард пой,
Ҳамон гоҳ тоқ андаромад зи ҷой.
Ба нома дарун сар ба сар кард ёд,
Наванде, барафканд бар сони бод.
Ҳамон сурхгавҳар бад-ӯ доду гуфт
Ки «Бо бод бояд, ки гардӣ ту ҷуфт».
Фириста чу бод андаромад зи ҷой,
Биёвард ёқут назди Ҳумой.
Ба шоҳи ҷаҳондор нома бидод,
Шунида бигуфт аз лаби Рашнавод.
Чу он нома бархонду гавҳар бидид,
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид.