598. БАР ТАХТ НИШОНДАНИ ҲУМОЙ ДОРОБРО
Зи даргоҳ парда фурӯ ҳишт шоҳ,
Ба як ҳафта касро надоданд роҳ.
Ҷаҳондор заррин яке тахт кард,
Ду курсӣ зи пирӯзаву лоҷвард.
Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор,
Ду ёра яке тавқи гавҳарнигор.
Яке ҷомаи хуравонӣ ба зар,
Дар ӯ бофта чанд гуна гуҳар,
Нишаста ситорашумар пеши шоҳ,
Зи ахтар ҳаме кард рӯзе нигоҳ.
Ба шаҳривари Баҳман аз бомдод,
Ҷаҳондор Доробро бор дод.
Яке ҷом пур сурхёқут кард,
Дигар ҷом пур карда аз зарри зард.
Чу омад ба наздики айвон фароз,
Ҳумой омад аз дуру бурдаш намоз.
Барафшонд он гавҳари шоҳвор,
Фурӯ рехт аз дида хун бар канор.
Мар ӯро гирифташ ба оғӯш танг,
Бибӯсиду бистурд рӯяш ба чанг.
Биёварду бар тахти заррин нишонд,
Ду чашмаш зи дидори ӯ хира монд.
Чу Дороб бар тахти заррин нишаст,
Ҳумой омаду тоҷи заррин ба даст.
Бибӯсиду бар тораки ӯ ниҳод,
Ҷаҳонро ба дайҳими ӯ мужда дод.
Чу аз тоҷ Дороб фурӯзиш гирифт,
Ҳумой андар он кор пӯзиш гирифт.
Ба Дороб гуфт он чи андар гузашт,
Чунон дон, ки як сар ҳама бод гашт.
Ҷавониву ганҷ омаду ройи зан,
Падар мурдаву шоҳ бе ройзан.
Агар бад кунад, з-ӯ магир он ба даст,
Ки ҷуз тахти шоҳӣ мабодат нишаст.
Чунин дод посух ба модар ҷавон,
Ки «Ҳастӣ ту аз гавҳари хусравон.
Набояд шигифт ар дил ояд ба ҷӯш,
Ба як бад чӣ дорӣ ту чандин хурӯш?