Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

599. СОХТАНИ ДОРОБ ШАҲРИ ДОРОБГИРДРО

Кунун офарин аз ҷаҳонофарин Бихонем бар шаҳрёри замин. Абулқосим он шоҳи хуршедчеҳр, Ки гетӣ биёрост бар доду меҳр. Наҷӯяд ҷуз аз дод в-аз ростӣ, Наёрад ба дод-андарун костӣ, Ҷаҳон равшан аз тоҷи Маҳмуд бод, Ҳама рӯзгорон-ш масъуд бод! Ҳамеша ҷавон, то ҷавонӣ бувад, Ҳам он зинда, то зиндагонӣ бувад, Чӣ гуфт он сароянда деҳқони пир, Зи Гуштосп в-аз номдор Ардашер. В-аз он номдорони фархундарой, Зи Дороб в-аз расму ройи Ҳумой. Чу Дороб ба тахти каӣ барнишаст, Камар бар миён басту букшод даст. Чунин гуфт бо мӯбадону радон, Бузургону бедордил бихрадон, Ки «Гетӣ наҷустам ба ранҷу ба дод, Маро тоҷ Яздон ба сар барниҳод. Шигифтитар аз кори ман дар ҷаҳон, Набинад касе ошкору ниҳон. Надонем ҷуз дод подоши ин, Ки бар мо пас аз мо кунанд офарин. Набояд, ки печад кас аз ранҷи мо, Бад-ин рӯз огандани ганҷи мо. Замона ба доди ман обод бод, Дили зердастони мо шод бод». В-аз он пас зи Ҳиндустону зи Рум, Зи ҳар марзи боарзу ободбум, Бирафтанд бо ҳадяҳову нисор, Биҷустанд хушнудии шаҳрёр. Чунон буд, ки рӯзе зи баҳри гала, Биёмад, ки аспон бубинад яла, Зи пастӣ биёмад, ба кӯҳе расид, Яке бекарон жарфдарё бидид. Бифармуд, к-аз Ҳинд в-аз румиён Биёранд корозмуда радон.