600. ШИКАСТАНИ ДОРОБ ЛАШКАРИ ШУАЙБРО
Чунон буд, ки аз тозиён сад ҳазор,
Набарда саворони найзагузор.
Бирафтанду солори эшон Шуайб,
Яке номдор аз нажоди Қутайб.
Ҷаҳондори Эрон сипоҳе бибурд,
Ки гуфтанд, к-онро нашояд шумурд.
Фароз омаданд ин ду лашкар ба ҳам,
Ҷаҳон шуд зи пархошҷӯён дижам.
Замин он сипаҳро ҳаме барнатофт,
Бар он бум кас ҷои рафтан наёфт.
Зи борони жӯпину борони тир,
Замин шуд зи хун чун яке обгир.
Хурӯше баромад зи ҳар паҳлуе,
Тали кушта диданд бар ҳар суе.
Се рӯзу се шаб з-он нишон ҷанг буд,
Замона бар он ҷангиён танг буд.
Чаҳорум араб рӯй баргоштанд,
Ба шаб дашти пайкор бугзоштанд.
Шуайб андар он размгаҳ кушта шуд,
Арабро ҳама рӯз баргашта шуд.
Басе аспи тозӣ ба зини хаданг,
Басе найзаву хӯду хафтони ҷанг
Аз он рафтагон монд он ҷо ба ҷой
Ба назди ҷаҳондор пури Ҳумой.
Бубахшид чизе, ки буд бар сипоҳ
Зи аспу зи румҳу зи теғу кулоҳ.
Зи лашкар яке марзбон баргузид,
Ки гуфтори эшон бидонад шунид.
Фиристод, то бож хоҳад зи дашт,
Аз ин солу он сол, к-андар гузашт.