Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

601. РАЗМ КАРДАНИ ДОРОБ БО ФАЙЛАҚУС ВА БА ЗАНӢ ГИРИФТАН ДУХТАРАШРО

Шуд аз дашти Найзаварон то ба Рум, Ҳаме разм ҷуст андар обод бум. Ба Рум-андарун шоҳ буд Файлақус, Яке буд бо ройи ӯ шоҳи рус. Набиштанд нома, ки пури Ҳумой, Сипоҳе биёвард бемар зи ҷой. Чу бишнид солори Рум ин сухан, Ба ёд омадаш рӯзи кини куҳан. Зи Аммурия лашкаре гирд кард, Ҳама номдорони рӯзи набард. Чу Доро биёмад, бузургони Рум Бипардохтанд он ҳама марзу бум. Зи Аммурия Файлақусу сарон, Бирафтанд гурдону ҷанговарон. Ду разми гарон карда шуд дар се рӯз, Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз, Гурезон бишуд Файлақусу сипоҳ, Якеро набуд таргу румӣ кулоҳ. Зану кӯдаконшон бибурданд асир, Бикуштанд чанде ба борони тир. Чу аз пеши Дороб ба шаҳр омаданд, Аз он рафта лашкар ду баҳр омаданд. Дигар бештар куштаву хаста буд, Паси пушташон найза пайваста буд. Ба Аммурия-дар ҳисорӣ шуданд В-аз эшон басе зинҳорӣ шуданд. Фиристодае омад аз Файлақус, Хирадманду бедору бо нӯъму бус. Або бадраву бардаву бо нисор, Ду сандуқ пур гавҳари шоҳвор. Чунин буд пайғом, к-аз як Худой Бихоҳам, ки ӯ бошадам раҳнамой. Ки фарҷоми ин разм базм оварем, Мабодо, ки дил сӯи разм оварем. Ҳама ростӣ бошаду мардумӣ, Зи кажживу торӣ бигирад камӣ. Чу Аммурия, к-он нишасти ман аст, Ту оиву хоҳӣ, ки гирӣ ба даст.