602. БОЗ ФИРИСТОДАНИ ДОРОБ ДУХТАРИ ФАЙЛАҚУСРО БА РУМ ВА ЗОДАНИ ИСКАНДАР АЗ Ӯ
Шабе хуфта буд моҳ бо шаҳрёр,
Пур аз гавҳару бӯю рангу нигор.
Ҳамоно, ки барзад яке тез дам,
Шаҳаншоҳ аз он дам задан шуд дижам.
Бупечиду дар ҷома сар з-ӯ битофт,
Ки аз накҳаташ бӯи нохуб ёфт.
Аз он кор шуд шоҳи Эрон дижам,
Пурандеша ҷону равон пур зи ғам.
Пизишкони донандаро хонданд,
Ба наздики Ноҳид биншонданд.
Яке марди бинолиду некрой,
Пижӯҳид то дору омад ба ҷой.
Гиёҳе, ки сӯзандаи ком буд,
Ба Рум - андар Искандараш ном буд.
Бимолид бар коми ӯ - бар пизишк,
Биборид чанде зи мижгон сиришк.
Бишуд нохушибӯю комаш бисӯхт,
Ба кирдори дебо рухаш барфурӯхт.
Агарчанд мушкин шуд он хубчеҳр,
Дижам буд Доробро ҷои меҳр,
Дили подшо сард гашт аз арӯс,
Фиристод бозаш бари Файлақус.
Ҳаме буд аз ӯ кӯдаке дар ниҳон,
Нагуфт он сухан бо касе дар ҷаҳон.
Чу нӯҳ моҳ бугзашт аз он хубчеҳр,
Яке кӯдак омад чу тобанда меҳр.
Зи болову рангу зи бӯё бараш,
Сикандар ҳаме хондӣ модараш.
Ки фаррух ҳаме дошт он номро,
Ки аз нохушӣ ёфт з-ӯ комро.
Ҳаме гуфт қайсар ба ҳар меҳтаре,
Ки пайдо шуд аз тухми ман қайсаре.
Наёвард кас номи Дороб-бар
Сикандар писар буду қайсар падар.
Ҳаме нангаш омад, ки гуфтӣ ба кас,
Ки Дороб зи фарзанди ман кард бас.
Чу Искандар аз покмодар бизод,
Яке шуд ба назди ниё, мужда дод.