Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

603. ПОДШОҲИИ ДОРО ПИСАРИ ДОРОБ

Чаҳордаҳ сол буд Чу Доро зи дил сӯги Дороб дошт, Ба хуршед тоҷи каӣ барфарошт. Яке мард буд тезу барнову тунд, Шуда бо забонаш дили теғ кунд. Чу биншаст бар гоҳ гуфт: «Эй сарон, Сарафроз гурдону кундоварон, Касеро нахоҳам, ки афтад ба чоҳ, На аз чоҳ хонам сӯи тоҷу гоҳ. Касе, к-ӯ зи фармони мо бугзарад, Сарашро ҳаме тан ба сар нашмарад. В-агар ҳеҷ тоб андарорад ба дил, Ба шамшер бошам варо дилгусил. Ҷуз аз мо ҳар он кас, ки доранд ганҷ, Нахоҳам каси шоддилро ба ранҷ. Бихоҳам, ки бошад маро раҳнамой, Манам раҳнамою манам дилкушой. Зи гетӣ хуру бахшу паймон марост, Бузургиву шоҳиву фармон марост». Дабири хирадмандро пеш хонд, Зи ҳар дар фаровон суханҳо биронд. Яке нома бинвишт фаррух дабир, Зи Дорои Дороб ибн Ардашер, Ба ҳар сӯ, ки буд шоҳи худкомае Бифармуд чун ханҷаре номае. Ки ҳар, к-ӯ зи рою зи фармони ман Бупечад, бубинад сарафшони ман. Ҳама гӯш яксар ба фармон ниҳед. Агар ҷон ситонед, агар ҷон диҳед. Сари ганҷҳои падар баркушод, Сипаҳро ҳама хонду рӯзӣ бидод. Зи чор андаромад дирам то ба ҳашт, Якеро ба ҷому якеро ба ташт. Дирам доду динору баргустувон, Ҳамон ҷавшану теғу гурзи гарон. Ҳар он кас, ки буд кордида саре, Бубахшид бар ҳар саре кишваре. Якеро зи гарданкашон марз дод,