Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

604. МУРДАНИ ФАЙЛАҚУС ВА БАР ТАХТ НИШАСТАНИ СИКАНДАР

Бимурд андар он чанд гаҳ Файлақус, Ба Рум-андарун буд якчанд бус. Сикандар ба тахти ниё барнишаст, Беҳӣ ҷусту дасти бадиро бубаст. Яке номдоре буд он гаҳ ба Рум, К-аз ӯ шод буд он ҳама марзу бум. Ҳаким Арстотолисаш буд ном, Хирадманду бедор, густурдаком. Ба пеши Сикандар шуд он покрой, Забон кард гӯёву бигрифт ҷой. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари шодком, Ҳаме гум кунӣ андар ин кор ном. Ки тахти каён чун ту бисёр дид, Нахоҳад ҳаме бо касе орамид. Ҳар он гаҳ, ки гӯӣ расидам ба ҷой, Набояд зи гетӣ маро раҳнамой, Чунон дон, ки нодонтарин кас тувӣ, Агар панди донандагон нашнавӣ. Зи хокему ҳам хокро зодаем, Ба бечорагӣ тан бад-ӯ додаем. Агар нек бошӣ, бимонад-т ном, Ба тахти каӣ-бар бувӣ шодком. В-агар бад кунӣ, ҷуз бадӣ надравӣ, Шабе дар ҷаҳон шодмон нағнавӣ. Ба некӣ бувад шоҳро дастрас, Ба бад рӯзи некӣ наҷустаст кас». Сикандар шунид он, писанд омадаш, Сухангӯйро фарҳаманд омадаш. Ба фармони ӯ кард коре, ки кард, Зи базму зи разму зи нангу набард. Ба нав ҳар замонеш бинвохтӣ, Чу рафтиш бар тахт биншохтӣ. Чунон буд, ки рӯзе фиристодае, Сухангӯю равшандил озодае Зи наздики Доро биёмад ба Рум, Куҷо бож хоҳад зи обод бум. Ба пеши Сикандар бигуфт ин сухан, Ғамӣ гашт аз он божу сови куҳан.