Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

605. ОМАДАНИ СИКАНДАР БА РАСУЛИИ ХЕШ НАЗДИ ДОРО

Сикандар чу бишнид, к-омад сипоҳ, Пазира шуданро бипаймуд роҳ. Миёни ду лашкар ду фарсанг монд, Сикандар гаронмоягонро бихонд. Зи ҳар гуна бо ӯ сухан ронданд, Суханҳои Доро бар ӯ хонданд. Чу сер омад аз гуфтаи раҳнамой, Чунин гуфт, к-«Акнун ҷуз ин нест рой, Ки ман чун расуле шавам пеши ӯй, Ҳама баргироям каму беши ӯй». Камар хост пур гавҳари шоҳвор, Яке хусравӣ ҷомаи пурнигор. Бибурданд болои зарринситом, Ба зин-андарун теғи зарринниём. Саворе даҳ аз румиён баргузид, Ки гӯянду донанд гуфту шунид. Зи лашкар биёмад сапедадамон Худу номбардор даҳ тарҷумон. Чу омад ба наздики гарданфароз, Пиёда шуду пеш бурдаш намоз. Ҷаҳондор Доро мар ӯро бихонд, Бипурсиду бар зери гоҳаш нишонд. Ҳама номдорони фурӯ монданд, Бар ӯ-бар ҷаҳонофарин хонданд. Зи дидор в-аз фарру фарҳанги ӯй, Зи болову аз шоҳу авранги ӯй. Ҳамон гаҳ чу биншаст, бар пой хост, Паёми Сикандар биёрост рост. Нахуст офарин кард бар шаҳрёр, Ки ҷовид бодо сари тоҷдор. Сикандар чунин гуфт, к-«Эй некном, Ба гетӣ ба ҳар ҷой густурда ком, Маро орзу нест бо шоҳ ҷанг, На дар буми Эрон гирифтан диранг. Бар онам, ки гирди замин андаке, Бигардам, бубинам ҷаҳонро яке. Ҳама ростӣ хоҳаму некуӣ, Бавижа, ки солори Эрон туӣ.