606. РАЗМИ ДОРО БО ИСКАНДАР ВА ШИКАСТ ЁФТАНИ ДОРО
Чу хуршед барзад сар аз пушти зоғ,
Замин шуд ба кирдори равшан чароғ.
Ҷаҳондор Доро сипаҳ баргирифт,
Ҷаҳон чодари қир бар сар гирифт.
Биёвард лашкар зи рӯди Фурот
Ба ҳомун сипаҳ буд беш аз набот.
Сикандар чу бишнид, к-омад сипоҳ,
Бизад кӯсу овард лашкар ба роҳ.
Зи хафтону аз ҳанҷари ҳиндувон,
Зи аспу зи олоту баргустувон.
Зи созу зи гурдони ҳар ду гурӯҳ,
Замин ҳамчу дарё шуду гард кӯҳ.
Дурӯя сипаҳ баркашиданд саф,
Зи ханҷар ҳаме ёфт хуршед таф.
Ба пеши сипоҳ овариданд пил,
Ҷаҳон шуд ба кирдори дарёи Нил.
Саворони ҷанг аз пасу пил пеш,
Ҳама баргирифта дил аз ҷони хеш.
Ту гуфтӣ ҳаво хун хурӯшад ҳаме,
Замин аз хурӯшаш биҷӯшад ҳаме.
Зи бас нолаи бӯқу ҳиндидарой,
Ҳама мардро дил баромад зи ҷой.
Зи овози аспону бонги сарон
Чарангидани гурзҳои гарон
Ту гуфтӣ замин кӯҳи ҷангӣ шудаст,
Зи гард осмон рӯи зангӣ шудаст.
Ба як ҳафта гурдони пархошҷӯй
Ба рӯй андароварда буданд рӯй.
Ба ҳаштум баромад яке тирагард
Бад-он сон, ки хуршед шуд лоҷвард.
Бипӯшид дидори эронсипоҳ,
Надиданд ҷуз хоки овардгоҳ.
Ҷаҳондор Доро бупечид рӯй.
Ҳам он номвар лашкари ҷангҷӯй.
Ба рӯди Фурот андаромад сипоҳ
Гурезон бирафтанд аз он размгоҳ.
Сипоҳи Сикандар пас андар дамон,
Яке пур зи ғам, дигаре шодмон.